Central AsianResearch Index

ПРИНСИПҲОИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКҲОИ ИСЛОМӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

Дар мақолаи мазкур принсипҳои фаъолияти бонкҳои исломӣ дар шароити муосир мушаххасан шарҳ дода шудааст. Асосан, ба принсипҳои фаъолияти бонкҳои исломӣ, ки дар шароити муосир амал мекунанд, диққати махсус дода шудааст. Қайд карда шудааст, ки новобаста аз таълифи корҳои зиёди илмӣ вобаста ба масъалаи принсипҳои бонкдории исломӣ , ҳанўз ҳам паҳлуҳои гуногуни фаъолияти бонкҳои исломӣ норавшан боқӣ мондаанд. Инчунин, мавқеи бонкҳои исломӣ дар замони имрўза муқоиса ва баррасӣ гардидааст. Вобаста ба пешбурд ва дурнамои бонкҳои исломӣ дар ҷаҳон пешниҳодҳои мушаххас дода шудааст. Қайд карда шудааст, ки дар шароити тезутунд шудани муносибатҳои бозорӣ ва раванди ҷаҳонишавии иқтисодиёт рушд ва фаъолияти бонкҳои исломӣ талаботи замон ба ҳисоб рафта, ба ин васила рушди минбаъдаи иқтисодӣ ба роҳ монда мешавад.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 4.1 (38)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет