ПРИНСИПҲОИ АСОСИИ ҚАРЗДИҲӢ ВА АҲАМИЯТИ ОНҲО ДАР МУОМИЛОТИ ҚАРЗӢ
Дар мақола принсипҳои қарздиҳӣ ва аҳамияти истифодабарии онҳо дар муомилоти қарзӣ барои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ баррасӣ гардидааст. Моҳияти ҳар як принсипи қарздиҳӣ дар алоҳидагӣ тасвир гардида, самаранокии татбиқи дурустии онҳо барои қарзгиранда муфид арзёбӣ шудааст. Инчунин, дар мақолаи мазкур таҷрибаи қарздиҳии кишварҳои гуногун ва шаклҳои маъмули қарздиҳӣ дар замони муосир оварда шудааст. Муаллифон дар мақола ҳаҷми қарзҳои аз ҷониби низоми бонкии кишвар ба соҳаҳои иқтисодиёт пешниҳодгардида, ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда ва ҳаҷми қарзҳои хурди ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон додашударо таҳлил намудаанд. Илова бар ин, муаллифон ҳаҷми қарздиҳӣ дар минтақаи Раштро дар шакли ҷадвалу диаграмма таҳлил намуда, аҳамияту таъсири воситаҳои қарзиро барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ, сайёҳӣ, кишоварзӣ ва заминаи рушди соҳаи саноат муҳокима намудаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 3 (42)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет