Central AsianResearch Index

ПОЙДОРИИ НИЗОМИ ИқТИСОДИИ МИНТАқА ВА ҳАМКОРИИ БАЙНИМИНТАқАВӣ

Масъалаи инкишофи робитаҳои иқтисодии байниминтақавӣ чун доминанти баланд бардоштани пойдории иқтисодии рушди минтақаҳо ҳамчунин таъсири ҳамкории байниминтақавӣ ба рушди устувори баррасӣ шудааст. Робитаи мутақобилаи хамкории байниминтақавӣ ва устувории рушди минтақа аз мавқеи муносибати низоммманд мудаллал сохта шудааст. Низоми иқтисодии минтақа, ки аз якчанд зернизомҳои нопойдор иборат аст, метавонад дар сурати муттаҳид гардидани онҳо пойдор гардад. Таъкид гардидааст, ки устувории низоми иҷтимоӣ - иқтисодӣ машрути ҳамкории қисмҳои таркибии он ва натиҷаи сифати нав ба даст овардани низом мебошад, ки он ба қисмҳои таркибии низом хос нест. Асосҳои назарии ҳамкории иқтисодии байниминтақавӣ муайян карда шудаанд. Консепсияи эҳтимолии ташкили ҳамкории байниминтақавӣ пешниҳод гардида, шаклҳои ояндадори рушди он, ки ба баланд бардоштани пойдории иқтисоди минтақа равона гардиданд, ошкор карда шудаанд.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 1 (86)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП