ПЕШГИРИИ ДУ ШӯРИШ ДАР БУХОРО (СОЛҲОИ 1910-1911)
Дар мақола оид ба вазъияти мураккабу нобасомони Бухорои даҳсолаи аввали асри ХХ, фаъолияти пинҳонии зиддирусии муллоҳои мутаассиб ва омодагии онҳо ба ду шӯриш дар солҳои 1910 ва соли 1911, ки политсия аз он ҷилавгири намудааст, сухан меравад. Қайд мешавад, ки дар охири асри XIX ва бахусус ду даҳсолаи аввали асри XX вазъияти Бухоро аз ҳар ҷиҳат чандон ором набуд. Моҷарои фоҷиабори шиа ва сунни вазъи ноороми пойтахтро боз ҳам муташанниҷтар гардонид.Зикр мегардад, ки баъд аз фурӯ нишонидани фоҷиаи шиа ва сунни ва таҳқиқи сабабҳои он ҳукуматдорони мустамликавии Русия назорати махфиро аз болои худи амир, амалдоронаш, рӯшанфикрон, ҷадидон ва муллоҳои мутаассиб пурзӯр намуд. Хусусан, политсия хеле фаъол гашта, гумоштаҳои худро дар ҳар маҳаллаву гузар ва бозору корвонсароҳо гузошта, ба таври махфи аз онҳо маълумоти зарури гирд меовард. Нишон дода мешавад, ки ҳукумати подшоҳии Русия аз он дар таҳлука афтода буд, ки ҳисси русбадбини дар байни руҳониён рӯ ба афзоиш дошт ва мумкин аст ба як ҳаракати калони зиддируси табдил ёбад ва Афгонистону Туркия низ ба ҳамроҳ шаванд. Дар натиҷаи бурдани чораҳои оперативи ба политсияи Русия муяссар гашт, ки аз ду шӯриш дар шаҳри Бухоро, ки руҳониёни мутаассиб ташкил кардани буданд, пешгири намояд.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · № 2 (71)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2077-4990
- Издатель
- Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова