ПЕШГИРИИ ДУ ШӮРИШ ДАР БУХОРО
Вазъияти мураккабу нобасомони Бухорои даҳсолаи аввали асри ХХ, фаъолияти пинҳонии зиддирусии муллоҳои мутаассиб ва омодагии онҳо ба ду шӯриш дар солҳои 1910 ва соли 1911, ки политсия аз он ҷилавгирӣ намудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.Дар охири асри XIX ва бахусус ду даҳсолаи аввали асри XX вазъияти Бухоро аз ҳар ҷиҳат чандон ором набуд. Моҷарои фоҷиабори шиа ва суннӣ вазъи ноороми пойтахтро боз ҳам муташанниҷтар гардонид. Баъд аз фурӯ нишонидани фоҷиаи шиа ва суннӣ ва таҳқиқи сабабҳои он ҳукуматдорони мустамликавии Россия назорати махфиро аз болои худи амир, амалдоронаш, рӯшанфикрон, ҷадидон ва муллоҳои мутаассиб пурзӯр намуданд. Хусусан, политсия хеле фаъол гашта, гумоштаҳои худро дар ҳар маҳаллаву гузар ва бозору корвонсароҳо гузошта, ба таври махфӣ аз онҳо маълумоти зарурӣ гирд меовард. Ҳукумати подшоҳии Россия аз он дар таҳлука афтода буд, ки ҳисси русбадбинӣ дар байни рӯҳониён рӯ ба афзоиш дошт ва мабодо он ба як ҳаракати калони зиддирусӣ табдил ёбаду ба он Афғонистону Туркия низ ҳамроҳ шаванд. Дар натиҷаи бурдани корҳои оперативӣ-гумоштавӣ ба политсияи Россия муяссар гашт, ки аз ду шӯриш дар шаҳри Бухоро, ки рӯҳониёни мутаассиб ташкил карданӣ буданд, пешгирӣ намояд.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · Т. 90, № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП