Central AsianResearch Index

ПЕШГӮИИ ДИНАМИКАИ СОДИРОТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: МОДЕЛ ВА СОХТОРИ ОН

Дар мақолаи мазкур масъалаи пешгӯии динамикаи содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Муаллиф моделҳои таҳлилию оморӣ ва иқтисодӣматематикӣ барои арзёбии равандҳои содиротии кишвар ва муайянсозии тамоюлҳои асосии рушдро пешниҳод менамояд. Бо истифода аз маълумоти оморӣ дар давраи солҳои охир, сохтори содирот мавриди таҳлил қарор гирифта, самтҳои асосии тағйироти эҳтимолӣ дар бозорҳои хориҷӣ муайян карда шудаанд. Модели пешниҳодгардида имконият медиҳад, ки равандҳои содиротӣ бо назардошти омилҳои дохилӣ ва хориҷӣ бо дақиқии нисбатан баланд пешгӯӣ карда шаванд. Натиҷаҳои таҳқиқот метавонанд барои қабули қарорҳои стратегии иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва такмили сиёсати содиротии кишвар истифода гарданд.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 2 (45)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет