Central AsianResearch Index

ПАЙВАНДИ ҶУҒРОФИЁИИ ҲИСОР ВА БАДАХШОН ДАР ШЕЪРИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Мирзо Турсунзода аз зумраи он шоирони адабиёти тоҷики даврони шӯравӣ буд, ки бо сабки соддабаёнӣ ва тараннуми мавзӯъҳои анъанавӣ, аз ҷумла мавзӯи ватану ватандорӣ дар миёни аҳли фарҳанг ва мардуми қаторӣ машҳур аст. Тазаккур меравад, ки ватан бо тамоми ҷузъиёт ва ашёи хеш мавриди тасвир ва тавсифи шоир дар ҳар шаклу навъи эҷодаш қарор гирифта, шоир дар тӯли тамоми умраш онро аз мавзӯъҳои меҳварии ашъори хеш қарор дода буд. Мақолаи пешниҳодшуда аз хусуси тасвир ва тавсифи се мафҳум дар дарки ҷугрофии ватани шоир: Ҳисор ҳамчун зодгоҳ, Тоҷикистон ҳамчун ватани аҷдодӣ ва Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун ватани сиёсӣ баҳс мекунад. Мақола дорои сухан ва таҳлили нав буда, дар он нахустин маротиба тасвирҳои шоир дар боби табиату ашёи Ватан аз нуқтаи назари иртиботи ҷугрофӣ дар тафаккур ва тасвири шоир таҳлил гардидааст. Ин иртиботи ҷугрофиро ҳаммонандии ҳудуди Ҳисор ва Бадахшон фароҳам овардааст.

Сведения

Опубликовано
2022 · № 3 (72)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2077-4990
Издатель
Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова