Central AsianResearch Index

ПАСАНДОЗҲОИ АҲОЛӢ ВА НАҚШИ ОНҲО ДАР ТАЪМИНИ СОҲАҲОИ ИҚТИСОДИЁТ БО ЗАХИРАҲОИ ҚАРЗӢ

Дар мақолаи мазкур нақши пасандозҳои аҳолӣ дар таъмини соҳаҳои иқтисодиёт бо захираҳои қарзӣ дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил ва арзёбӣ қарор гирифтааст. Дар асоси таҳқиқи адабиёти иқтисодии ватанию хориҷӣ муаллиф тавонистааст, ки нақши пасандозҳои аҳолиро дар таъмини соҳаҳои иқтисодиёт бо захираҳои қарзӣ пурра таҳлил намояд. Нақши пасандозҳои аҳолӣ дар таъмини соҳаҳои иқтисодиёт бо захираҳои қарзӣ баҳодиҳӣ карда шуда, зариби табдилдиҳии пасандозҳои аҳолӣ бо қарз ва ҳаҷми қарзҳои додашудаи ташкилотҳои қарзии молиявии мамлакат аз ҳисоби пасандозҳои аҳолӣ ба соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ дар солҳои 2010-2022 муайян карда шудааст. Дар баробари ин, баъзе нишондиҳандаҳои макроиқтисодии низоми бонкии ҷумҳурӣ ба нишондиҳандаҳои низоми бонкии мамлакатҳои алоҳида таҳлил карда шуда, дар асоси натиҷаҳои бадастомада хулосабарорї карда шудааст. Механизми табдилдиҳии пасандозҳои аҳолӣ бо қарз ва ҳиссаи онҳо дар таркиби қарзҳои ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва тамоюлҳои рушди он арзёбӣ гардидааст. Ҳамзамон, аз ҷониби муаллиф модели регрессионии вобастагии афзоиши қарзҳои ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиши пасандозҳои аҳолӣ таҳия ва пешниҳод шудааст. Инчунин, доир ба истифодаи самараноки иқтидори пасандозҳои аҳолӣ ва таъмини рушди устувори табдилдиҳии онҳо ба қарз дар иқтисодиёти миллӣ назари муаллиф баён гардидааст.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 3 (37)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет