Central AsianResearch Index

ПАДИДАИ СЕРМАЪНОӢ ДАР НИЗОМИ ИСТИЛОҲОТИ ЗАБОНШИНОСӢ ДАР ЗАБОНҲОИ ТОҶИКӢ ВА ОЛМОНӢ

Дар мақолаи мазкур доир ба падидаҳои сермаъноӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва олмонӣ сухан меравад. Бояд ишора намуд, ки забоншиносон доир ба падидаи сермаъноии истилоҳ ақидаҳои мухталиф доранд. Бархе аз онҳо бар он ақидаанд, ки истилоҳ бояд ҳамеша дорои як маъно бошад ва дар ин ё он соҳа танҳо бо як маъно истифода гардад. Муаллиф бо диду назари тоза ва бо сабки кордонии худ ин мавзуи фавқро мавриди омӯзиш ва пажӯҳиши дуҷониба қарор додааст. Якчанд истилоҳоти забоншиносиро, ки дорои маънои зиёданд, дар мақолаи хеш мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор додааст. Хулоса аз шарҳу тавзеҳи истилоҳоти забоншиносии дар мақола ҷойдошта маълум мегардад, ки падидаи сермаъноӣ дар забонҳои муқоисашаванд, яъне забонҳои тоҷикӣ ва олмонӣ баробар нестанд. Истилоҳ метавонад дар як забон дорои якчанд маъно, дар забони дигар дорои як маъно бошад.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 2 (115)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни