Central AsianResearch Index

ОЗОДИ БАЛГИРОМӢ ВА МАСОИЛИ НАҚДУ СУХАНСАНҶӢ ДАР «ДЕВОН»-И Ӯ

“Девон”-и шоири форсизабони Ҳинди қарни XVII Озоди Балгиромӣ чун манбаи пурарзиш оид ба таърихи нақди адабӣ ва маҳорати шоир ба ҳайси мунаққиди борикназар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар асоси маводи ғании фактологӣ нуқтаи назари Озоди Балгиромӣ ба сохтори шеър, латофати шеър, мавқеи мисраъ дар сабки ҳиндӣ, қофия ва радиф, матлаъ, мақтаъ кушода дода шудааст. Таъкид гардидааст, ки дар давраи мавриди назар на ҳамаи ноқидон меъёрҳои одоби илмиро риоя мекарданд ва осори Озодро мавриди нақди бадғаразона, ғайрикасбӣ қарор медоданд, нисбат ба ашъори хӯрдагириҳо мекарданд. Дар навбати худ Озод чунин суханваронро бо номҳои “кӯрсавод”, “бедаҳан”, “ҷоҳил”, “камсавод” ва ғайра ёд кардааст. Қайд шудааст, ки Озод дар девони худ роҷеъ ба бисёр шоирони ҳамасраш ҳарф зада, хидматашонро дар шеъру шоирӣ таъкид месозад, ягон ҷиҳати эҷодиашонро васф мекунад. Дар “Девон”-и Озод шоирони мутақаддам, махсусан Ҳофизи Шерозӣ ҷойгоҳи махсус доранд. Зикр шудааст, ки Ҳофиз барои Озоди Балгиромӣ ба сифати муршид эътироф гардидааст.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 1 (86)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП