ҶОЙГОҲ ВА НАҚШИ АРЗИШҲОИ АХЛОҚӢ ДАР ТАЪЛИМОТИ ЗАРДУШТИЯ
Дар мақолаи мазкур арзишҳои ахлоқӣ дар таълимоти зардуштия мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Қайд карда мешавад, ки ҷанбаи ахлоқии таълимоти зардуштия дар пояи қолаби « гуфтори нек , пиндори нек , кирдори нек » ташаккул меёбад. Дар муқобил ба он «гуфтори зишт, пиндори зишт ва кирдори зишт» қарор доранд, ки одамонро ба роҳи бад равона мекунанд. Ин сабаб мешавад, ки одамон аз ростӣ дур гашта, ба дурӯғу дурӯғгӯйӣ даст зананд. Корҳои баду дурӯғ ҷолиб менамоянд ва одамон метавонанд ба онҳо рӯ оранд, ки ҳатман натиҷаи манфиро ҳам дар ин дунё ва ҳам дар дунёи охират ба бор меоранд. Дар таълимоти зардуштия бадӣ то ба охир идома намекунад ва ахиран некӣ аз болои он пирӯз мегардад. Ба одамон хубу бад нишон дода шудаааст ва Аҳуромаздо тарафдори корҳои нек мебошад, аммо дар ин маврид худи одамон бояд роҳеро мустақилона интихоб намоянд. Яъне дар таълимоти зардуштия интихоб ба худи шахс вогузор гашта, дар ин таълимот озодии ирода амал мекунад. Татбиқи арзишҳои ахлоқии таълимоти динӣ-фалсафӣ ва ахлоқии зардуштия дар ҷомеаи муосир, махсусан дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷикистонӣ сатҳи фарҳангу ахлоқи насли ҷавонро баланд мебардорад, ки ин ба пешрафти давлату ҷомеа мусоидат мекунад.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 10, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3078-395X
- Издатель
- Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан