ҶОЙГОҲИ СУРУДУ МУСИҚӢ ДАР МАРОСИМИ ГАҲВОРАБАНДОН (МИНТАҚАИ БОЛООБИ ЗАРАФШОН)
Ҷойгоҳи суруд ва мусиқӣ дар маросими гаҳворабандони сокинони болооби Зарафшон ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст. Зикр гардидааст, ки дар бораи тарзҳои гузаронидани маросими гаҳворабандон , ки аз маросимҳои маишӣ-оилавӣ маҳсуб меёбад, муҳаққиқони зиёд изҳори ақида кардаанд. Аммо ба ҷанбаҳои мусиқӣ ва хусусияти сурудҳое, ки дар ин маросим суруда мешаванд, камтар таваҷҷуҳ шудааст. Маводи экспедитсияҳо дар минтақаҳои болооби Зарафшон , ки дар рафти онҳо вариантҳои гуногуни маросими гаҳворабандон сабт гардидааст, истифода шудааст. Таъкид гардидааст, ки мусиқӣ ва суруд дар маросими гаҳворабандони кулли сокинони болооби Зарафшон дар гузаштаи на чандон дур мавқеи устувор дошт ва имрӯз дар шароити нави оиладорӣ ва иқтисодӣ ҷойгоҳашро дар баъзе аз деҳаҳо аз даст дода истодааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · Т. 96, № 3
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП