Central AsianResearch Index

ҶОЙГОҲИ САНЪАТИ ТАЛМЕҲ ДАР АШЪОРИ ҒИЁСИИ БАДАХШОНӢ

Дар мақолаи мазкур ҷойгоҳи санъати талмеҳ дар ашъори Ғиёсии Бадахшонӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Ҳадафи муаллиф аз навиштани ин мақола қабл аз ҳама муайян намудани мавқеи санъати талмеҳ дар эҷодиёти Ғиёсии Бадахшонӣ мебошад, чунки санъати талмеҳ дар ашъори шоир нисбат ба дигар санъатҳои бадеӣ зиёдтар ба назар мерасад. Талмеҳоте, ки Ғиёсии Бадахшонӣ дар ашъораш бо як ҷаҳон обу ранги бадеӣ ва маҳорати баланди шоирӣ истифода бурдааст, аз он далолат медиҳад, ки шоир аз таъриху тамаддуни миллаташ хеле хуб воқиф аст ва аз афсонаҳои халқӣ, қиссаҳои таърихӣ огоҳии хуб дорад. Дар санъати талмеҳ Ғиёсӣ хеле зиёд аз оят ва таъбирҳои қуръонӣ истифода кардааст. Мисол, номҳои пайғамбарон ва шахсиятҳои бузурги ислом, ки шоир аз ин номҳо талмеҳан дар ашъораш истифода кардааст. Мақсади шоир бо нишон додани зиндагинома, фидокорӣ ва покизагии шахсиятҳои бузурги ислом тарбия намудани баъдинагон аст, ки рафтору кирдор ва корнамоиҳои ин абармардони ислом барои баъдинагон ҳамчун як мактаби тарбия хизмат хоҳад кард.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 2 (115)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни