Central AsianResearch Index

ҶОЙГОҲИ АВЗОНИ АРУЗӢ ВА КОРБУРДИ ҲУНАРМАНДОНАИ ОН ДАР АШЪОРИ ОЗАРАХШ

Мусаллам аст, ки вазн дар бобати ба вуҷуд омадани каломи мавзун нақши муҳим дорад. Маҳз тавассути он намудҳои адабӣ арзи ҳастӣ кардаанд ва каломи равону мансур ба ченаки вожаи суханофаринӣ ворид гашта зеботару ҷолибтару дилнишинтар шуда, истилоҳи назм ва шеърро ба худ гирифтаанд. Тӯли ҳазорсолаҳост, ки вазни арузӣ шеъри моро дар худ таҷассум карда меояд. Дар ин росто он чунон танаввуъ, вижагӣ, қавоид, қонунмандӣ пайдо кардааст, ки ҳамагӣ ба табиати забон созгору мувофиқ мебошад ва ба таври табиӣ аз ҷониби суханварон иҷро мегардад. Дар ин мақола бо истифода аз методи муқоиса, омор, шинохти жанрҳои адабӣ, шарҳи осори адабӣ, ки дар адабиётшиносӣ мавриди истифода аст, роҷеъ ба ҷойгоҳи вазн ва корбурди ҳунарии он дар ашъори Озарахш баҳс сурат гирифтааст. Натиҷа ин аст, ки Озарахш дар ғазалиёти худ тамоми баҳрҳои солими муштараки шеъри форсии тоҷикӣ ва як баҳри хоси шеъри арабиро низ истифода намуда, маҳорати волое аз худ бармало кардааст. Чунон ки мебинем, авзоне, ки шоир истифода кардааст, хушоянд мебошанд. Ин аз ҳунари мусиқидонии суханвар шаҳодат медиҳад. Зеро қисми зиёди ғазалиёти хешро ӯ дар баҳрҳои ҳазаҷ, рамал ва раҷаз сароидааст. Ҳамчунин, маълум карда шуд, ки Озарахш дар ашъори лирикиаш аз вазнҳои нодир ҳам истифода кардааст, ки он вазни баҳри комил мебошад. Дар адабиёти муосир истифода бурдани вазни баҳри комил як навъ ибтикороти хоси шоир арзёбӣ мешавад.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 4 (117)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни