ҒОЯИ СУЛҲ УНСУРИ ТАРКИБӢ ДАР КОНСЕПСИЯИ ДАВЛАТСОЗИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Мақолаи мазкур ба таҳлили масъалаи ғояи Сулҳ ҳамчун унсури таркибӣ дар консепсияи давлатсозии Пешвои муаззами миллат бахшида шудааст. Таҳқиқ шудааст, ки давлатсозӣ раванди мураккабу давомдор буда, ҳар як кишвар ва сарвари сиёсӣ дар ин масир аз васила ва усулҳои хос истифода мебарад. Ин бошад зарфияти раванди мазкурро таъмин менамояд. Дар консепсияи давлатсозии Пешвои миллат дар Тоҷикистон ғояи Сулҳ ба сифати унсури таркибӣ баромад намуда, он моҳияти башардӯстона доштани давлат ва сиёсатро собит менамояд. Асоснок карда шудааст, ки маҳз ғояи Сулҳ ба сифати ғояи фарогир ваҳдати сартосарӣ ва суботи сиёсиро дар ҷомеа таъмин намудааст. Он дар раванди ҳалли низои таҳмилии шаҳрвандӣ ба сифати идеологияи хос баромад намуда, боиси ташаккули таҷрибаи хоси сулҳофарӣ гардидааст. Ҳамзамон бо ин ғояи Сулҳ ҳамчун принсипи конститутсионӣ низ баромад мекунад. Қабули Қатъномаи СММ дар бораи Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда нишонаи ҷаҳонӣ гардидани талошҳои сулҳхоҳонаи Пешвои муаззами миллат мебошад, ки аҳаммияти хоси илмию амалиро соҳиб аст.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 11, № 3 (соц.-гум.)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3078-395X
- Издатель
- Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан