ОСОРИ ДИНИ БУДДОӢ ДАР СУҒДИ ҚАДИМ ВА АСРИМИЁНАГӢ
Дар асоси маълумоти манбаъҳои таърихии хаттӣ ва бостоншиносӣ роҷеъ ба паҳншавии дини буддоӣ дар Суғди қадим ва асримиёнагӣ маълумот дода шудааст. Дини буддоӣ , ки аслан дар Ҳиндустон пайдо шудааст, бо мурури замон аз ҳудуди ин мамлакат берун омада, то худи Осиёи Миёна, аз ҷумла вилояти таърихии Суғд паҳн гардид. Дар ин бора на танҳо маъхазҳои хаттӣ, балки ҳамчунин ёдгориҳои бостоншиносӣ низ шаҳодат медиҳанд. Бозмондаи дайрҳои буддоӣ, тангаҳо, иконографияи буддоӣ далели гуфтаҳои боло мебошанд. Дини буддоия ба Суғд аз Бохтар, ки дар он ҷо дар замони ҳокимияти Кушониён таълимоти буддоӣ дар зинаи баланд қарор дошт, ворид шудааст. Дар давраи ҳокимияти арабҳо даҳҳо маъбадҳои буддоия вайрон карда шуда, дини ислом мақоми асосиро соҳиб шуда, баъзе аз унсурҳои худро дар фарҳанги маҳаллӣ гузошт.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · Т. 95, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП