ОШНОИЗУДОӢ ДАР ЭҶОДИЁТИ СОИБИ ТАБРЕЗӢ
Кӯшиш ба харҷ дода шудааст, ки ашъори намояндаи барҷастаи сабки ҳиндӣ Соиби Табрезӣ марбутан ба ҳунарсозаи калидии формализми русӣ “ ошноизудоӣ ” (“остранение”), ки назарияи онро Виктор Шкловский дар оғози қарни ХХ матраҳ сохта буд ва он ҳам дар Ғарб ва ҳам дар Шарқ ҷонибдорони зиёд пайдо кард, ба риштаи таҳлил кашида шавад. Дар эҷодиёти Соиби Табрезӣ ошноизудоӣ пеш аз ҳама дар маъниофаринию мазмунсозӣ зоҳир мегардад. Шоир ба калима тобишҳои маъноию услубии нав эҳдо мекунад, тавоноии нав мебахшад ва бо ин роҳ мазмуни тоза меофарад. Қайд шудааст, ки нисбат ба намояндагони сабкҳои хуросониву ироқӣ, шоирони сабки ҳиндӣ бештар ба ошноизудоӣ тамоюл зоҳир мекунанд. Соиби Табрезӣ дар байни шоирони сабки ҳиндӣ устоди мумтози ҳунарсозии ошноизудоӣ ба шумор меравад, зеро ӯ офариниши маънии бегонаро ба авҷи аъло расонидааст. Соиб дар ғазалҳояш калимаҳои худсохтеро истифода кардааст, ки заминаи тавлиди мазмуни нав гардидаанд. Аз ҷумла барои ифодаи мафҳуми “дунё” кинояҳои зиёди ғайривоқеӣ, аз қабили “шишахона”, “ваҳшатсаро” ва ғайраро ба кор бурдааст. Таъкид шудааст, ки Соиби Тарезӣ беш аз ҳама дар санъати талмеҳ ошноизудоӣ кардааст. Дар офариниши маъниҳои бегона нақши асосиро тағйири зовияи дид бозидааст. Пас аз талмеҳ Соиб аз ҳама бештар санъатҳои бадеии ташбеҳ ва ташхисро корбаст кардаст.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · Т. 99, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП