Central AsianResearch Index

ҶОРИШАВИИ МАНТИҚИ ЮНОНИ ҚАДИМ БА ҶАҲОНИ ИСЛОМ

Дар мақола масъалаи паҳншавии илми мантиқ дар ҷаҳони ислом мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Қайд карда шудааст, ки дар инкишофи илми мантиқ саҳми мутафаккири барҷастаи Юнони қадим Арасту хеле зиёд буда, маҳз таълифоти ӯ ба ҷаҳонбинии фалсафии мутафаккирони асримиёнагӣ таъсири бузрг расонидаанд. Муаллиф қайд мекунад, ки таълимоти мантиқии Арасту маҳз тавассути тарҷумаи осори ӯ аз ҷониби тарҷумонҳои шинохтаи он замон аз қабили Исҳоқ ибни Ҳунайн, Абу Яҳёи Марвазӣ, Ибни Хайлон, Абубакр Закариёи Розӣ, Абубишри Матто, Ибни Яҳёи Адий, Абу Сулаймон, Муҳаммад ибни Абдун, Абубакри Одамӣ, Исо ибни Алӣ, Ибни Зурра, Ибни Самх, Абуҳаён Тавҳидӣ, Ибни Бағуниш, Ибни Тайиб, Ибни Ботлон Дарамӣ ва дигарон, ки дар Бйтул ҳикма фаъолияти густарда доштанд ба ҷаҳони ислом ворид гардиданд. Муаллиф ҳамчунин қайд мекунад, ки тарҷумаи осори мантиқии Юнони қадим дар шарқ ҳам ҷонибдорон ва мунаққидони худро доштанд. Мунаққидон аз қабили Навбахтӣ, Суютӣ ва дигарон оид ба радди мантиқи Арасту китобҳо менавиштанд ва нафаронеро, ки осори мантиқии Арастуро ҷонибдорӣ мекарданд ба куфр муттаҳам карда, онҳоро таъқиб мекарданд.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 3
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3105-9228
Издатель
Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан