Central AsianResearch Index

ОМОДАГИИ КАСБӢ ВА РУШДИ ШАХСИЯТИ МУАЛЛИМИ ОЯНДАИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Мақола ба баррасии масъалаи омодагии ҳирфавӣ ва рушди шахсияти муаллими ояндаи синфҳои ибтидоӣ дар донишгоҳ ихтисос ёфтааст. Тазаккур меравад, ки проблемаи бо сифати баланд омоданамоии муаллимони синфҳои ибтидоӣ яке аз мушкилоти аслӣ талаққӣ мешавад ва мавзӯт муҳиму авлавиятдор дар сиёсати давлатии Тоҷикистон дар заминаи тавсеаи салоҳиятнокии ҳирфавии муаллимон аст. Таъкид мешавад, ки омӯзгори ояндаи синфҳои ибтидоӣ илова бар доштани дониши мукаммали соҳавӣ, ошнооии комил бо равишҳои таълими фанҳои синфҳои ибтидоӣ, бояд донандаи хуби забони давлатӣ, забони русӣ ва ҳам яке аз забонҳои хориҷӣ бошад, бояд дар бораи робитаи забон ва фарҳанг фаҳмиш дошта бошад, аз робитаи забонҳо ва фарҳангҳои миллӣ мисолҳо оварад, фаҳмиши калимаҳо ва воҳидҳои фразеологиро бо забони миллӣ ва забонҳои дигар таъмин намояд, то ба ин васила раванди таълиму тарбияро дар асоси сатҳи асосии салоҳияти касбӣ роҳандозӣ намояд.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 3 (76)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2077-4990
Издатель
Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова