Central AsianResearch Index

ОМИЛҲОИ ТАЪСИРКУНАНДА БА ДАРОМАДИ АҲОЛИИ МИНТАҚА ДАР НИЗОМИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ

Дар мақолаи мазкур омилҳои даромади аҳолии кишвар ва минтақаҳои он мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Аз ҷумла, муаллифон хусусиятҳои таъсири омилҳои даромадро ба баъзе самтҳо ва шохиси рушди сармояи инсонӣ ошкор намудаанд. Дар низоми иқтисодии минтақа баъзе камбудиҳо дар самти афзоиши даромади аҳолӣ муайян карда шуданд. Инчунин, бисёрқутбият дар тафовути (дифференсиатсияи) боздории даромади аҳолии минтақа дар низоми равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ мушаххас гардидааст. Муаллифон таҷрибаи кишварҳои пешрафта ва рӯ ба тараққиро оид ба рушди омилҳои даромад дар сатҳи минтақавӣ овардаанд. Дар ин ҷо самтҳои афзалиятноки даромади аҳолии минтақа дар сохтори падидаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ инъикос ёфтаанд. Таваҷҷуҳи махсус ба маълумоти фактологӣ (оморӣ ) зоҳир шудааст, ки онҳо рушди баланди миқдориро нишон медиҳанд, вале дар айни замон натиҷаҳои пасти сифатиро дар сатҳи кишвар ва минтақаҳои он инъикос менамоянд. Муайян карда шудааст, ки баъзе омилҳои даромади аҳолии минтақа аз ҷанбаҳои институтсионалӣ вобастаанд, ки рушди устувори даромадҳои аҳолии минтақаро таъмин менамоянд. Таъсири аз ҳама назаррас дар соҳаҳои бахши агросаноатӣ ба мушоҳида расид. Аз нигоҳи таърихӣ , он дар рушди равандҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақа нақши аввалиндараҷа (архимуҳим) мебозад. Дар хотима, муаллифон хулосаҳои асосноки назариявиро ҷиҳати беҳтар намудани даромади аҳолӣ , инчунин барои рушди баланд ва устувори он дар низоми равандҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақавӣ хулосаҳои амиқи назариявӣ пешниҳод мекунанд.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 10, № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3078-395X
Издатель
Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан