Central AsianResearch Index

ОМИЛҲОИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ»

Дар замони муосир ташаккул ва рушди иқтисоди «сабз» яке аз масъалаҳои муҳим дар назди давлатҳо ба ҳисоб меравад. Зеро, солҳои охир дар натиҷаи шиддат гирифтани рақобат байни истеҳсолкунандагон дар сатҳи иқтисодиёти миллӣ ва байналмилалӣ, пайомадҳои манфии экологии онҳо бештар эҳсос шуда истодаанд. Дар чунин вазъият зарурати таъмини рушди иқтисоди «сабз» ҳамчун омили рушди устувори иқтисодӣ аҳамияти бештар касб менамояд. Бо назардоштаи гуфтаҳои боло дар мақола омилҳои ташаккул ва рушди иқтисоди «сабз» мавриди таҳқиқ қарор дода шудаанд. Муайян карда шудааст, ки ба рушди иқтисоди «сабз» омилҳои гуногун таъсир мерасонанд. Барои асоснок намудани таъсири омилҳо ба рушди иқтисодиёти «сабз» дар доираи таҳқиқот онҳо аз рўйи ду равиш низомбандӣ карда шудаанд. Мувофиқи равиши аввал омилҳо дар доираи ҳамкории се субъекти асосии иқтисодиёт: давлат, ҷамъият ва сохторҳои тиҷоратӣ баррасӣ шудаанд. Мувофиқи равиши дуюм омилҳои умумии ршди иқтисоди «сабз», ки ба онҳо дохил мешаванд: табиӣ-экологӣ, иқтисодӣ-молиявӣ, иҷтимоӣ-демографӣ, технологӣ-инноватсионӣ, сиёсӣ-институтсионалӣ мавриди таҳқӣқ қарор дода шудаанд. Аз рўйи натиҷаҳои таҳқоқот тавсияҳо барои таъмини рушди иқтисоди «сабз» пешниҳод карда шуданд.

Сведения

Опубликовано
2024 · № 4.1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет