Central AsianResearch Index

ОМИЛҲОИ ТАЪМИНКУНАНДАИ САМАРАНОКИИ МЕНЕҶМЕНТ (ДАР МИСОЛИ ҶУМҲУРИИ СИНГАПУР)

Мақола ба баррасии омилҳои мусоидаткунанда ба самаранокии менеҷмент (дар мисоли Ҷумҳурии Сингапур) бахшида шудааст. Барои он ки мушкилаи самаранокии менеҷмент баррасӣ карда шавад, муаллиф лозим донист, ки, пеш аз ҳама, худи ҳамин мафҳумро таҳқиқ намояд. Сарчашмаҳои мухталифро таҳлил намуда, муаллиф ба хулоса омад, ки зери мафҳуми менеҷмент , бояд раванди идоракунии объектҳои гуногун, аз ҷумла объектҳои соҳаи иқтисодиёт фаҳмида шавад. Ба омилҳои мусоидаткунанда ба самаранокии менеҷмент муаллиф як қатор унсурҳои бисёр муҳим, аз ҷумла сатҳи баланди фарҳанги маънавӣ, ки ҷаҳонбинии васеи муосир, ҳамчунин таҷрибаи кории менеҷерӣ дар соҳаҳои муайяни ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ҳисси масъулият, тавони зеҳнӣ, салоҳият, фарҳанги ахлоқӣ, имконият надодан ба коррупсия ва интишори он, муроҷиати ҳамешагӣ ба таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои мутараққӣ, шаффофияти идоракунӣ , эътибор додан доир ба зери ҳимоя будани ҳуқуқи кормандон, эҷоди шароитҳои зарурӣ барои рушди касбияти кормандон, ташаккули равобити мутақобилаи ҳасанаи судманд бо тамоми шарикон ва рақибон, муносибатҳои корӣ, риояи адолати иҷтимоӣ ва ғайраро дар бар мегирад, дохил намуд. Ҳамаи ин ва омилҳои дигар дар мисоли фаъолияти менеҷерии аввалин нахуствазири Сингапур Ли Куан Ю баррасӣ карда шуд.

Сведения

Опубликовано
2024 · № 4.1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет