ОМИЛҲОИ РУШДИ ТАҲСИЛОТИ ТЕХНОЛОГӢ ТАВАССУТИ ТАТБИҚИ “STEM-ТАҲСИЛОТ”
Дар замоне, ки техника ва технология рӯз аз рӯз рушд мекунад, ворид намудани инноватсияҳои таълимӣ дар самти таҳсилот амри воқеист. Аз он ҷумла, дар чунин шароит соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар канор буда наметавонад. Дар мақолаи мазкур яке аз падидаҳои нав дар самти маориф “STEM – таҳсилот ”, масъалаҳои имконият ва мушкилоти татбиқи он дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Мақола дар пайдарҳамии талаботҳои мавҷудаи мақолаҳои илмӣ таҳия шуда, дар он таҳқиқоти кӯчаке бо ширкати шунавандагони курси такмили ихтисос анҷом дода шудааст. Дар ҳошияи таҳқиқот пурсишнома оид ба вазъи “STEM – таҳсилот ” дар мактабҳо натиҷабардорӣ шудааст. Натиҷаҳои пурсишнома бо фоизбандӣ тариқи диаграмма таҳлил гардидаанд. Масъалаҳои мубрами таҳқиқӣ бо овардани иқтибосҳо аз манбаъҳои саҳеҳ муҳокима шудаанд. Муаллиф чунин мешуморад, ки “STEM-таҳсилот” имкониятҳои бемайлони маърифатӣ-технологиро соҳиб аст. Дар мақола ҷадвали таснифотии ҳамгироии донишоҳои ба ҳам пайванди “STЕM”-ро дар мисоли сохтани “Лона барои парандагон” барои хонандагони синфи 6-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳия карда шудааст, ки метавон дар ҳар як қадами иҷроиши амалиёти сохтусоз донишҳои фанҳои гуногунро (биология, экология, табиатшиносӣ, математика, нақшакашӣ, дизайн, химия, эстетика, физика, эргономика технология , таълими меҳнат ) вобаста ба ҳадафи муайян мушоҳида намуд. Равона намудани диққати хонандагон ба иҷрои корҳои амалии мустақилона ва таҳияи лоиҳаҳои эҷодӣ далели возеҳ ва нишондиҳандаи равшани пешрафт ва рушди “STEM-таҳсилот” маҳсуб меёбад. Дар охир муаллифи мақола хулосаҳои худро бо муайян намудани омилҳои рушди таҳсилоти технологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 11, № 3 (соц.-гум.)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3078-395X
- Издатель
- Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан