Central AsianResearch Index

ОМИЛҲОИ ПАЙДОИШ ВА ШАКЛҲОИ ТАШАККУЛИ ИХТИСОРА ДАР ЗАБОНИ АНГЛИСӢ

Муаллиф дар мақолаи мазкур ҷанбаҳои гуногуни пайдоиши ихтисораро таҳқиқ намуда, давра ба давра ташаккулёбии ин воҳиди забонро, ки дар нутқи забони англисии муосир мавқеи муайянро ишғол менамояд, бамаврид қайд намудааст. Дар мақола инчунин назари олимон дар давраҳои гуногуни ташаккули забон мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Аз ҷиҳати гуногунӣ якчанд намудҳои ихтисораҳо низ нишон дода шудаанд. Аз чоп баромадани луғатҳои ба таври умумӣ ва махсуси аз натиҷаи таҳқиқи дурударози ихтисораҳо гувоҳӣ медиҳад. Дар рафти таҳқиқот маълум гардид, ки дар забони англисӣ таснифоти васеи ихтисорот мавҷуд аст, ки пеш аз ҳама бояд байни ихтисороти графикӣ ва луғавиро фарқ кард. Ϝайр аз ин, ин воҳидҳои забон аз рӯи усули ихтисор ва усули хониш тасниф карда мешаванд, ки вазифаи асосии он таъмини интиқоли мафҳуми асосии маълумот мебошад. Ихтисора ба фонди луғавии забон амиқтар ворид шуда, онҳоро калимаҳои тасодуфӣ номидан ғайриимкон буда, балки воҳидҳои луғавии сермаъно ба шумор рафта, дар китобҳои луғати ихтисора сабт мегарданд.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 1 (114)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни