ОМИЛҲОИ МИНТАҚАВИИ НОБАРОБАРИИ ДАРОМАДИ АҲОЛӢ
Омилҳо ва сабабҳои нобаробарии даромади аҳолӣ дар сатҳи минтақа мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Тафриқаи минтақавии иҷтимоӣ – иқтисодӣ аз рӯйи даромади аҳолӣ, ки зери таъсири гурӯҳи омилҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, психологӣ, демографӣ ва ҷуғрофӣ ба миён меоянд, ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Таҳлили тафриқаи байниминтақавии даромади меҳнатӣ, аз рӯи ҷанбаи гендерӣ ва байнисоҳавӣ дар вилояти Суғд сурат гирифтааст. Ҳамчунин усулҳои механизми танзими давлатии амалисозии сиёсати даромад баррасӣ шудааст. Чораҳои асосии давлатӣ, ки ба баробарсозии тафриқаи байниминтақавии даромади аҳолии кишвар мусоидат менамоянд, асоснок карда шудаанд. Пешниҳод шудааст, ки сиёсати даромад дар асоси ҳамоҳангсозии самаранокии иқтисодӣ ва адолати иҷтимоӣ амали гардонида шавад. Қайд гардидааст, ки бозтақсими натиҷабахши даромад дар кишвар ва минтақаҳои он бояд тавассути таҳияи барномаҳои давлатӣ, махсусан дар соҳаи танзими даромади меҳнатии шаҳрвандон, андозбандии адолатнок ва низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба амал оварда шавад.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · Т. 94, № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП