Central AsianResearch Index

ОМИЛҲОИ ГУСТАРИШ ВА ТАШАККУЛИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ АРАБ ДАР ҲАВЗАИ АДАБИИ ГУРГОН ДАР САДАҲОИ IX-X

Ташаккул ва густариши забон ва адабиёти араб дар ҳудуди Эронзамин умуман ва дар ҳавзаи адабии Гургон махсусан, баррасӣ шудааст. Зикр гардидааст, ки дар садаҳои IX-X маркази давлати Зиёриён шаҳри Гургон дар баробари Бухоро дар аҳди Сомониён , Хоразм дар аҳди Хоразмшоҳиён ва шаҳри Рай дар вақти султаи Оли Буя ба унвони яке аз марказҳои чаҳоргонаи адабиву фарҳангии он замон, аз ҷумла адабиёти арабизабони форсу тоҷик шинохта шудааст. Сабабҳои паҳн гаштани забону адабиёти араб ва аз ҷониби мардуми эронитабори форсизабон хуб пазируфта шудани он ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Таъкид рафтааст, ки дар асрҳои аввали исломӣ бо сабаби кишваркушоии мусалмонони нахустин, дини ислом интишор ёфта, барои хондани китоби Қуръон ва аҳодиси Паёмбар (с) забон ва адабиёти араб ҳамроҳ бо ин ду сарчашмаи асосии дин вориди кишварҳои фатҳшуда гардида, аз ҷониби мардуми тозамусалмоншуда хуб пазируфта шуд. Тарҷума ва таҳлили намунаҳои ашъори шоирони арабисарои форсу тоҷики асрҳои IX-X ҳавзаи адабии Гургон пешниҳод гардидааст.

Сведения

Опубликовано
2024 · Т. 98, № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП