Central AsianResearch Index

ОМИЛҲОИ ФИРОРӢ ШУДАН ВА БА МАҲАЛИ ЗИСТ БАРГАРДОНИДАНИ МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН

Дар ин мақола муаллиф дар асоси маводҳои зиёди тасдиқкунанда нишон додааст, ки ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон ба оқибатҳои сангини иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсӣ ва илмиву фарҳангӣ оварда расонид. Баъд аз гуфтушунидҳо ва муҳокимарониҳои ҳамаҷониба оид “Ба маҳали зисташон баргардонидани фирориён ”дар Иҷлосияи 16 ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Хуҷанд, ноябри соли 1992), қарори махсус қабул карда шуда буд. Дар мақола нишон дода шудааст, ки бо айби қувваҳои мухолифин даҳҳо ҳазор меҳнаткашони Тоҷикистон ба хоки ба мо ҳамсояи Афғонистон, ҷуҳуриҳои собиқ Иттиҳод, қабл аз ҳама Федератсияи Русия як давраи муайян гуреза шуданд. Мухолифин ва намояндагони ҳизби наҳзати ислом, ягона мақсадашон бо ниқоби ташкил кардани давлати”демократӣ” ва ё “исломӣ” ҳокимяти сиёсиро ба даст дароваранд буд. Муаллиф аз нуқтаи назари илмӣ исбот намудааст, ки дар бисёр маврид одамон бо таҳдиди автомат сарҳадро убур карда, ба Афғонистон мегузаштанд. Дар он вақт Раиси Шурои Олии ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон 9 феврали соли 1993 бо сафири дар Тоҷикистон будаи Афғонистон махсус вохурда, оид ба шарту шароит ва роҳҳои ҳарчи тезтар ба Ватан баргаштани гурезаҳо гуфтушунид барпо карданд,ки он натиҷаи дилхоҳ ба даст овард.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 5 (118)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни