Central AsianResearch Index

ОМИЛҲОИ АСОСИИ НИКОҲИ ХЕШУТАБОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар мақолаи мазкур масъалаи никоҳи хешутаборӣ ва омилҳои асосии он мавриди таҳлили илмӣ қарор гирифтааст. Муайян карда шудааст, ки новобаста аз коҳишёбии масъалаи никоҳи хешутаборӣ дар ҷомеаи муосир, мутаассифона ин масъала то имрӯз дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон устувор боқӣ мондааст. Дар ҷомеаи Тоҷикистон ба омилҳои асосии никоҳи хешутаборӣ омилҳои иҷтимоию иктисодӣ, фарҳангию анъанавӣ, динӣ, таърихӣ ва генетикӣ дохил мешаванд. Инчунин никоҳи хешутаборӣ вобаста ба мансубияти этникӣ, динӣ, фарҳангӣ ва минтақаи истиқомат фарқ мекунад. Ҳамин тавр, дар кишварҳои ғарбӣ паҳншавии онҳо хеле паст буда, дар ҷомеаҳое, ки тарзи зиндагонии анъанавӣ доранд ин зуҳурот бештар дида мешавад. Дигар омили муайянкунанда, ин аҳолии шаҳру деҳот буда, дар деҳот никоҳи хешутаборӣ назар ба шаҳрҳо зиёд мушоҳида мешавад. Аз рӯи таҳлилҳои мутахассисони соҳаи тиб низ дар 30-35% - и ҳолатҳо сабаби тавлиди кӯдакони маъюб никоҳи хешутабории наздик мебошад. Вобаста ба ин, кӯшиш намудем, то вазъи кунунии масъаларо нишон дода, хулоса ва пешниҳоди худро пешкаш намояд.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3105-9228
Издатель
Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан