Central AsianResearch Index

ОМИЛҲОИ АСОСИИ ФАВТИ КӮДАКОНИ НАВЗОД ДАР МИНТАҚАҲОИ ГУНОГУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мақсади таҳқиқот. Муайян намудани омилҳои асосии тиббӣ дар сабаби фавти кӯдакони навзод. Мавод ва усули таҳқиқот. Барои муайян намудани сохтори фавти кӯдакони навзод дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар солҳои 2017-2021 ва 9моҳаи соли 2022 аз шаҳру ноҳияҳои интихобшуда (шаҳрҳои Кулоб, Бохтар, Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Ваҳдат, Турсунзода ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Рӯдакӣ, Рашт, Файзобод ва Ш.Шоҳин) маълумотҳо оид ба фавти кӯдакони навзод ҷамъоварӣ карда шуда ба анкетаҳои махсус гардонидашуда ворид карда шудаанд. Дар рафти таҳқиқот ва баҳодиҳӣ аз меъёрҳои оморӣ, таҳлилӣ ва иҷтимои истифода карда шудааст. Натиҷаҳои таҳқиқот. Натиҷаҳои пешакии таҳлил нишон медиҳад, ки дар аксари ҳолатҳо (61,5%) кӯдаконони навзод дар давраи барвақтии неонаталӣ фавтидаанд, сеяки талафоти онҳо дар давраи аввали неонаталӣ бештар дар 6 рӯзи аввали баъди таваллуд фавтидааст. Синну соли модарони навзодони фавтида асосан аз 20 то 29 сола (62,2%)-ро ташкил медиҳад. Ин ҳолат дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ қариб якхела ба мушоҳида расидааст. Хулоса. Таҳлилҳои гузаронидашуда гувоҳии онро медиҳад, ки ба модарони кӯдакони навзоди фавтидашуда нишондоди индекси пасти саломатӣ доштаанд. Дар 47,2% модарон дар давраи ҳомиладорӣ бо оризаҳо ба монанди (гестоз, бисёробӣ, камобӣ, эклампсия ва преэклампсия, нефропатия ва ғайра) гирифтор буданд. Ҳангоми таваллуд низ оризаҳо ба монанди валодати пеш аз мӯҳлат, обҳои ифлос бо меконӣ ва таваллуд бо истифода аз буриши қайсарӣ анҷом ёфтааст.

Сведения

Опубликовано
2024 · № 2 (361)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
0514-2415
Издатель
МИНИСТЕРСТВО ЗДРАВООХРАНЕНИЯ И СОЦИАЛЬНОЙ ЗАЩИТЫ НАСЕЛЕНИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН