Central AsianResearch Index

ОМЕЗИШИ ЖАНРҲО ДАР МАСНАВИҲОИ АСРҲОИ XIV-XV

Масъалаи омезиши жанрҳо дар маснавиҳои асрҳои XIV-XV баррасӣ шудааст.Қайд мешавад, ки омезиши жанрҳо ҳарчанд дар адабиёти форсу тоҷик аз асри XI шуруъ шудааст, ин гуна озмоишҳо дар заминаи анвои адабӣ дар маснавиҳои асри XIV ва нимаи аввали садаи XV ба болотарин ҳадди ташаккулу такомули худ мерасад ва вижагиҳои шакливу маъноӣ ва услубиро пайдо мекунад Дар заминаи таҳлили жанрҳои гуногуни адабӣ, аз қабили фард, дубайтӣ , рубоӣ , ғазал , қитъа ва қасидаҳои таркиби маснавиҳои ин давра хулоса шудааст, ки онҳо дар натиҷаи тозаҷуиҳои шоирони маснависарои ин аҳд ба зуҳур омада, як навъ гурез аз суннатҳои роиҷи адабӣ аст. Баҳамоии жанрҳо ҳарчанд падидаи шакливу сохторӣ ба ҳисоб раванд ҳам вале дар маснавиҳои ин аср барои ифодаи мазмуну маъно низ хидмат намудаанд.

Сведения

Опубликовано
2025 · Т. 102, № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП