Central AsianResearch Index

ОМӮЗИШИ ТАЪРИХИ РУШДИ ТАРРОҲИИ КОСТЮМ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ

Дар мақола аҳаммияти масъалаи муносибати таърихӣ дар ташаккули тарроҳони оянда дар дарсҳои фанҳои махсус баррасӣ карда мешавад. Ташаккули донишҳои таърихӣ аз ҷиҳати назариявӣ ва истифодаи онҳо дар раванди таълим принсипи дидактикӣ ва унсури муҳимми гуманизатсияи таълими тарроҳони оянда мебошад. Тарҳ ва шакли либоси таърихӣ муҳокима карда мешавад. Дар рафти дарсҳои фанни «Таърихи либос ва мӯд» ҳангоми ба донишҷӯён расондани маводи нав саривақт дуруст истифода бурдани асбобҳои аёнӣ аҳаммияти калони худро дорад. Либос тасвири ҷомеаро дар ҳар марҳалаи инкишофи худ тавсиф ва пурра мекунад. Сохтори костюм мавод, буридан, силуэт, ранг, ороиш, усулҳои пӯшидан ва пур кардани ҷузъҳои костюмро дар бар мегирад. Таснифот бо назардошти хусусиятҳои асосӣ таҳия шудааст: давру замон, кишвари пайдоиш, масолеҳи истифодашуда, буридан, усули ба даст овардани шакли зарурӣ, намуди қабатҳои истифодашаванда.

Сведения

Журнал
Historian
Опубликовано
2024 · № 3 (38)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2709-7382
Издатель
ИНСТИТУТ ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ АХМАДА ДОНИША НАЦИОНАЛЬНОЙ АКАДЕМИИ НАУК ТАДЖИКИСТАНА