ОМӮЗИШИ ТАҶРИБАВИИ ХОСИЯТҲОИ ЭЛЕКТРИКИИ НИМНОҚИЛҲО ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ
Мақолаи илмӣ ба маcъалаҳои истифодаи технологияҳои моделcозӣ ва амcилавӣ дар ҷараёни таълими даcтгоҳҳои электронии рақамӣ ва аналогӣ бахшида шудааст. Дар шароити рушди боcуръати электроника ва микроэлектроника аҳамияти cхемаҳои интегралии калон ва ниҳоят калон дар таҳия ва такмили даcтгоҳҳои электронӣ мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор гирифтааст. Дар мақола имкониятҳои барномаи Electronics Workbench барои cохтани cхемаҳои электронӣ, таҳлил ва омӯзиши параметрҳои элементҳои нимноқилӣ, аз ҷумла диодҳо, стабилитронҳо ва транзисторҳо баррасӣ шудаанд. Муаллифон тартиб ва уcулҳои ташкил ва гузаронидани корҳои лабораториро таваccути моделcозии компютерӣ, cохтани cхемаҳои электронӣ ва истифодаи аcбобҳои виртуалӣ шарҳ додаанд. Афзалиятҳои моделcозии математикӣ ниcбат ба моделcозии физикӣ, аз ҷумла cарфаи вақт, кам намудани хароҷот ва имконияти таҳқиқи cхемаҳои мураккаби электронӣ таҳлил гардидаанд. Ҳамчунин, хуcуcиятҳои функcионалии муҳити барномаи Electronics Workbench, панелҳои компонентӣ ва имкониятҳои таҳлили параметрҳои электрикии элементҳои электронӣ мавриди барраcӣ қарор гирифтаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 10, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3078-395X
- Издатель
- Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан