ОМӮЗИШИ СОХТОРИ ФАВТИ НЕОНАТАЛӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Мақсади таҳқиқот. Омӯзиши сохтори фавти кӯдакони навзод дар муассисаҳои табобатии кӯдаконаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мавод ва усулҳои таҳқиқот. Барои муайян намудани сохтори фавти кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар солҳои 2017-2021 ва 9 моҳаи соли 2022 аз шаҳру ноҳияҳои интихобшуда (шаҳрҳои Кулоб, Бохтар, Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Ваҳдат, Турсунзода ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Рӯдакӣ, Рашт, Файзобод ва Ш.Шоҳин) маълумотҳо оид ба фавти кӯдакон ҷамъовари карда шуданд. Натиҷаҳои таҳқиқот. Дар раванди таҳсил аз методӣ баҳодиҳии экспертӣ, методи оморӣ ва методи вобастагии мунтазам дошта ва ташхис истифода бурда шуд. Дар сохтори фавти кӯдакони навзод вобаста ба ҷинс 2138 писар ва 1554 духтар ташкил доданд. Аз ин шумора дар шаҳри Душанбе 572 писар, 412 духтар. Ҳамаги аз рӯйи таърихҳои навзодони фавтида дар дақиқаи 1-ум аз рӯйи ҷадвали Апгар 1530 (41,4%)-ро ташкил дода ин рақам дар дақиқаи 5-ум 1171 (31,7%) ё 360 нафар аз ҳолати вазнини ба ҳолати миёна гузаронида шудааст. Хулоса. Натиҷаи тадқиқоти гузарондаи мо бо натиҷаи тадқиқотҳои оид ба сохтори фавти навзодон дар Иттиҳоди давлатҳои муштаракул манофеъ қариб, ки дар як сатҳ қарор доранд.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 1 (360)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 0514-2415
- Издатель
- МИНИСТЕРСТВО ЗДРАВООХРАНЕНИЯ И СОЦИАЛЬНОЙ ЗАЩИТЫ НАСЕЛЕНИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН