ЉОЛИБИЯТИ САРМОЯГУЗОРЇ: МОЊИЯТ ВА МЕТОДОЛОГИЯИ БАЊОДИИ ОН
Дар мақолаи мазкур љанбањои назариявии љолибияти сармоягузорї ва методологияи бањодињии он мавриди омўзиш ќарор гирифтааст. Муаллиф бар он назар аст, ки солњои охир фазои сармоягузорї дар Љумњурии Тољикистон ба љалби сармояи хориљї мусоидат намуда, тамоюли болоравиро ба худ касб намудааст. Њамзамон, њиссаи сармоягузориҳо ба иншооти истеҳсолї дар солҳои охир афзоиш ёфтааст. Ин асосан аз афзоиши сармоягузориҳо дар иншоотњои саноатї, аз љумла корхонаҳои шаклҳои гуногун дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзї, нақлиёт ва ғайра мебошад. Бо вуљуди ин, муаллиф қайд мекунад, ки новобаста аз тамоюли умумии афзоиш, љалби сармояи хориљї ба иқтисоди Тољикистон бо назардошти зарфиятњои мављуда ќонеъкунанда нест. Аз ин рў, зарурати барномаи маљмуї оид ба ҳавасмандгардонии сармоягузориҳои дохилї ва хориљї ба иқтисодиёти кишварро тавсия медињад. Дар ќисмати хулосавии маќола муаллиф якчанд тадбирҳоро љињати бањодињии фазои сармоягузорї ва љалби сармояи хориљї пешнињод менамояд, ки онњо аз беҳбуд бахшидани фазои 132 сармоягузории кишвар, такмили заминаи қонунгузорї, рушди инфрасохтори бозор , таќвияти фаъолияти бозори коғазҳои қиматнок , таҳияи муҳити рақобатбахш иборат мебошанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · № 4.1 (33)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Русский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет