ҲОЛАТИ МУОСИРИ РУШДИ ИННОВАТСИОНИИ МУАССИСАҲОИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҷИКИСТОН
Дар асоси таҳлили фаъолияти муассисаҳои олии таълимии хориҷӣ ва ватанӣ самтҳои асосии рушди инноватсионии муассисаҳои олии таълимӣ муайян ва пешниҳод карда шудааст. Инчунин масъалаҳои равандҳои инноватсионӣ, фаъолияти инноватсионӣ , инфрасохтори инноватсионӣ ва ташкили фазои инноватсионӣ дар муассисаҳои олии касбӣ барои мусоидат ба рушди иҷтимоӣ-иқтисод ва расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд. Ҷанбаҳои гуногуни инноватсия дар асарҳои олимони хориҷӣ ва ватанӣ вобаста ба шароити муассисаҳои олии касбӣ мавриди таҳлил қарор гирифта,, алоқамандии дониш-инноватсия-рушди иқтисоди асоснок карда шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2021 · № 4 (89)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП