Central AsianResearch Index

ЊОЛАТИ МУОСИРИ НИЗОМИ АНДОЗУ БУЉА

Дар маќола њолати муосири низоми андозу буља мавриди баррасї ва тањлил ќарор гирифтааст. Муайян карда шуд, ки шароити кунунии соҳибкорї дар Тољикистон бо мушкилоти љиддї ҳангоми ворид шудан ба бозори субъектҳои хољагидорї тавсиф мешавад: қобилияти пасти харидории аҳолї, афзоиши арзиши нақлиѐт ва дигар харољотҳо, дастрасии мушкил ба ашѐи хом, технологияҳои нав ва сармояи қарзї. Ошкор карда шуд, ки даромади буљети давлатї барои соли 2021 ба андозаи 27,6 млрд. сомонї, харољот 28,1 млрд. сомонї, бо барзиѐдии харољот аз даромад 463,2 миллион сомонї (каср 0,5% ММД) пешбинї шудааст. Дар назар аст, ки касри буљет аз ҳисоби қарзҳои Бонки љаҳонї, даромад аз хусусигардонии моликияти давлатї ва дигар манбаъҳо пўшонида мешавад. Нишондиҳандаи васеи касри буљет, бо назардошти маблағгузории берунаи барномаи сармоягузории давлатї ба нақша гирифта мешавад. Барои хизматрасонї ва пардохти қарзи хориљї соли љорї истифодаи қарзу грантҳои ташкилотҳои байналмилалї ба маблағи 1,5 млрд. сомонї ба нақша гирифта шудааст. 62 Пешнињод карда шуд, ки сатҳи кунунии гаронии андозҳо (10 намуди андозҳо, дигар пардохтҳо барои андозҳои маҳаллї ва зиѐда аз 108 намуди бољи давлатї) ва меъѐрҳои андоз, ки ба сатҳи кишварҳои пешрафта наздик шудаанд, ҳамчунин, ба рушди истеҳсолоти инноватсионї монеа мешаванд, зарурати танзими он ва рушди истењсолоти ватанї ногузир аст.

Сведения

Опубликовано
2022 · № 1 (30)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Русский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет