Central AsianResearch Index

ОИД БА УСУЛҲОИ АРЗЁБИИ САРМОЯИ ИНСОНӢ ДАР ИҚТИСОДИЁТИ МИНТАҚА

Аҳаммияти арзёбии сармояи инсонӣ дар сатҳи минтақа ҳамчун яке аз омилҳои асосии рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ баррасӣ шудааст. Методикаи арзёбӣ пешниҳод гардидааст, ки ба низомбандии равишҳо ва таснифи мавҷуда асос ёфтааст. Навъҳои сармояи инсонӣ вобаста ба хусусиятҳои минтақавӣ таҳлил шудаанд, инчунин намудҳои сармоя, ки ба сатҳ ва сохтори иқтидори инсонӣ таъсир мерасонанд, тавсиф ёфтаанд. Усулҳои арзёбии дар адабиёти илмӣ истифодашаванда низомбанди шуда, нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифатии татбиқшаванда зикр гардидаанд. Ба имкони мутобиқсозии методҳо ба шароити гуногуни минтақавӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир шудааст. Натиҷаҳои таҳқиқот мумкин аст дар таҳияи стратегияҳои рушди минтақаҳо ва қабули қарорҳои идоракунӣ истифода шаванд.

Сведения

Опубликовано
2025 · Т. 105, № 4
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП