Central AsianResearch Index

ОИД БА ТАМОЮЛҲОИ РУШДИ ҶОМЕАИ ИТТИЛООТӢ

Масъалаҳои мубрами назарияи тамоюлҳои рушд ва омилҳое, ки ба рушди ҷомeаи иттилоотӣ мамониат мекунанд, мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор гирифтааст. Таърифи муаллифии мафҳуми “ ҷомеаи иттилоотӣ ” дар қаринаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ пeшниҳод шудааст. Ҳамзамон, моҳияти мафҳуми “ инқилоби иттилоотӣ ” тафсир шуда, ба соҳаи расона ва рӯзноманигорӣ ворид гардидани зеҳни сунъӣ шарҳ дода шудааст. Таҳаввули ҷомеаи иттилоотӣ аз ихтирои хат то зуҳури зеҳни сунъӣ (AI) пайгирӣ ва нақши калидии технологияҳои нав дар тағйири бунёдии соҳаи рӯзноманигорӣ нишон дода шудааст. Таъкид гардидааст, ки дар ҷомeаи иттилоотӣ ВАО танҳо бо роҳи мутобиқшавӣ ба муҳити рақамӣ ва истифодаи бомасъулият аз иттилоот метавонанд дар баробари таҳдидҳои муосир устувор бимонанд.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 106, № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП