ОИД БА САРЧАШМАҲОИ БОСТОНИИ ДОНИШҲОИ АСТРОНОМИИ ХАЛҚИ ТОҶИК
Дар мақолаи мазкур аз нуқтаи назари илми таърих сарчашмаҳои пайдоиши донишҳои астрономии халқи тоҷик ва нақши онҳо дар ташаккули фарҳанги башарӣ муайян шудааст. Маълумоте, ки муаллифи мақола аз мероси бостонӣ ва мардумшиносии қадими халқи тоҷик истифода кардааст, бо далелҳои илмӣ тасдиқ шудааст ва ҳамзамон он имкон медиҳад, ки дар бораи воқеияти дидгоҳҳои астрономӣ дар ташаккули фарҳангу тамаддуни башарӣ хулоса барорем. Муаллифи мақолаи мазкур инчунин аз мероси бою пурғановати фарҳангии халқи тоҷик ва ҳамзамон аз ҷиҳати мазмуни астрономӣ далелу мисолҳои мушаххаси илмӣ низ оварда, зимнан бо далелҳои мушаххас зикр кардааст, ки нахустин кӯшишҳои инсони қадима дар дарки муҳити атроф бо нигоҳи нахустини ӯ ба сӯйи Осмон , Офтоб ва Моҳ асос ёфтааст. Ба пиндори муаллифи матлаб зебоии осмони ситоразор, зарурати дарки моҳияти он ва вобастагии ҳаёти инсон аз ҳодисаҳои осмонӣ омили асосии пайдоиши илми нуҷум ( астрономия ) гардида будааст.
Сведения
- Журнал
- Historian
- Опубликовано
- 2024 · № 4 (39)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2709-7382
- Издатель
- ИНСТИТУТ ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ АХМАДА ДОНИША НАЦИОНАЛЬНОЙ АКАДЕМИИ НАУК ТАДЖИКИСТАНА