ОИД БА МАСЪАЛАИ ГЕНЕЗИСИ ФУНКСИЯҲОИ ДАВЛАТ
Яке аз масъалаҳои муҳимми илми назарияи давлат ва ҳуқуқ, яъне функсияҳои давлат аз нигоҳи генезиси он баррасӣ шудааст. Таъкид гардидааст, ки мутахассисон бештар ба таҳқиқи функсияҳои давлат , намудҳо ва усулҳои амалигардонии онҳо машғул шудаанд, масъалаи кай, таҳти таъсири кадом омилҳо ба вуҷуд омадани функсияҳои давлат бошад ба таври бояду шояд баррасӣ нагардидааст. Ба мафҳуми функсияи давлат , пайдоиш ва ташаккули таърихии он ҳамчун ҷузъи муҳимми давлат , сабабу омилҳои ба он мусоидаткунанда равшанӣ андохта шудааст. Роҳҳои аврупоӣ ва шарқии пайдоиш ва ташаккули таърихии давлат мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Зикр гардидааст, ки дар тадқиқи масъалаи мавриди таҳлил олимони аҳди шуравӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Муайян карда шудааст, ки генезиси функсияҳои давлат муддати дурударози таърихиро дар бар гирифта, оғози ҷараёни он бо аҳди қадимтарин, ки дар он шаклҳои нахустини давлатдорӣ ташаккул ёфтанд, алоқаманд мебошад.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · Т. 104, № 3
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП