ОИД БА МАСЪАЛАИ ФАЪОЛКУНИИ СОХТОРҲОИ СОҲИБКОРӢ ДАР ШАРОИТИ ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ
Дар мақола масъалаҳои фаъолияткунии сохторҳои соҳибкорӣ дар шароити иқтисодиёти рақамӣ баррасӣ карда мешаванд. Муаллиф қайд мекунад, ки барои баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва таъмини рушди устувор имрӯз фаъолона истифода бурдани намуди нави захираҳо – коркардҳои зеҳнӣ зарур аст. Аломатҳои фарқкунандаи сохторҳои соҳибкорӣ , ки технологияҳои рақамиро истифода мебаранд, ҷорӣ намудани низомҳои автоматикунонидашуда барои муътадилгардонии бизнесравандҳо, даст кашидан аз гардиши ҳуҷҷатҳои коғазӣ ба фоидаи низомҳои электронӣ, истифодаи қарорҳои махсусгардонидашудаи барномавӣ барои пешбурди муҳосибот ва идоракунӣ, нигоҳдории электронии маълумот, истифодаи онлайн-платформаҳо барои ҳамкории кормандон мебошанд. Дар мақола ҳамчунин равишҳои муосири пешбурди тиҷорат баррасӣ шуда, таърифи сохторҳои соҳибкорӣ дода мешавад ва хусусиятҳои фаъолияткунии онҳо дар шароити кунунии иқтисодӣ таҳлил карда шудаанд. Муаллиф зарурати ҷорӣ намудани технологияҳои рақамиро дар фаъолияти ширкатҳо барои баланд бардоштани самаранокӣ ва рақобатпазирии онҳо асоснок кардааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 4.1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет