Central AsianResearch Index

ОИД БА МАФҲУМИ СИЁСАТИ ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН

Масъалаи сиёсати ҳуқуқӣ, аз ҷумла сиёсати ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон дер боз дар маркази таваҷҷуҳи муҳаққиқон, файласуфон, сиёсатмадорон ва ҳуқуқшиносон қарор дорад. Бояд тазаккур дод, ки ҳуқуқи инсон дар давлати ҳуқуқбунёд арзиши бунёдӣ ва меҳварӣ ба ҳисоб рафта, эътироф, ҳимоя ва таъмини онҳо уҳдадории давлат ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон тибқи принсипҳои давлати ҳуқуқбунёд , давлат уҳдадор мебошад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд. Аз ин рӯ, яке аз шаклҳои иҷрои чунин уҳдадорӣ , ки дар сатҳи расмӣ бар дӯши давлат вогузор шудааст, бунёд ва амалӣ намудани мақсадноки сиёсат дар соҳаи ҳуқуқи инсон мебошад. Солҳои охир сиёсати ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва умуман худи масоили сиёсати ҳуқуқӣ дар маркази таваҷҷуҳи аксари муҳаққиқон-ҳуқуқшиносон қарор дорад. Бинобар ин, дар адабиёти ҳуқуқӣ оид ба масъалаи мафҳуми сиёсати ҳуқуқуӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ягонафикрӣ мавҷуд намебошад. Дар натиҷаи таҳлил ва таҳқиқи мафҳумҳое, ки аз ҷониби ҳуқуқшиносон пешкаш шудааст, мафҳуми муаллифии сиёсати ҳуқуқуӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсонро пешниҳод шудааст.

Сведения

Опубликовано
2023 · Т. 96, № 3
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП