Central AsianResearch Index

ОИД БА ИБОРАҲОИ ЗАРФИИ ЗАМОНӢ БО АЛОҚАИ ИЗОФӢ

Дар мақолаи «Оид ба ибораҳои зарфӣ бо алоқаи изофӣ » сухан дар бораи он меравад, ки дар забони тоҷикӣ боз як роҳи дигари ташаккулёбии ибораҳои зарфӣ-ташаккулёбии онҳо тавассути алоқаи изофӣ мавҷуд аст, зеро то ҳол дар аксари сарчашмаҳои илмӣ оварда мешуд, ки ибораҳои зарфӣ танҳо тавассути алоқаи вобастагӣ ва ҳамроҳӣ ташакккул меёбанд. Мақсади мақола Алоқаи изофӣ хоси ибораҳои зарфию феълӣ нест. Аммо дар ин мақола тавассути мисолу далелҳо исбот карда мешавад, ки ибораҳои зарфӣ бо алоқаи изофӣ низ ташаккул меёбанд. Зарфҳои гуногуни замон, макон, миқдору андоза бо ёрии бандаки изофӣ калима ва ибораҳои гуногунро ба худ тобеъ намуда, ибораҳои зарфиро ташкил медиҳанд, ки тавассути онҳо муносибатҳои мухталифи грамматикии Натиҷаи татқиқот нишон дод, ки пеш аз ҳама, зарфҳои замони субҳ, саҳарӣ, бегоҳӣ, пагоҳӣ, пагоҳ, бегоҳ, фардо ва монанди инҳо зарфҳои замони барвақт, бевақт, дер ва ибораҳои гуногунро ба худ тобеъ намуда, ибораҳои зарфиеро ташкил медиҳанд, ки замони иҷро шудани амалро аниқтару мушаххастар ифода мекунанд: саҳарии барвақт, бегоҳии бевақт, пагоҳии барвақт, бегоҳии дер ва монанди инҳо. Зарфҳои замони аввал, охир, ибтидо, ҳамчун ҷузъи асосии ибораҳои зарфии замонӣ, ки тавассути алоқаи изофӣ ташаккул меёбанд, хеле серистеъмоланд:

Сведения

Опубликовано
2022 · № 1 (96)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни