ОИД БА БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОНИ ОЯНДА
Баланд бардоштани сифати таҳсилот умуман ва таҳсилоти касбӣ аз ҷумла аз баланд бардоштани сифати воситаҳои таълим низ вобаста аст. Зеро дар системаи «мақсад восита натиҷа » унсури восита на танҳо ҳамчун унсури марказӣ, балки боз чун унсури муайянкунанда мавриди назар мегардад. Барои ҳамин ҳам баланд бардоштани сифати воситаҳои таълим барои ноил гардидан ба мақсади таълим ва ба даст овардани натиҷаи дилхоҳи таълим мусоидат хоҳад намуд.Яке аз роҳҳои баланд бардоштани сифати воситаҳои таълим ин риоя намудани банақшагирӣ, коркард ва оиояи воситаҳои таълим мебошад, зеро агар ин ягонагӣ вайрон гардад, ин боиси коста гардидан сифати воситаҳои таълим мешавад, ки ин нисбат ба сифати таълим низ таъсири манфӣ мерасонад. Барои ҳамин ҳам зимни таҳияи воситаҳои таълим ва дар раванди таълими фанҳои забонӣ риояи намудан ба принсипҳои баҳисобгирии тахассуси омӯзгорони оянда ва алоқамандии таълими фанҳои забон бо таълими фанҳои тахассусӣ шарт ва зарур аст, ки аз ин баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбӣ ва баланд бардоштани сифати мутахассисони ояндаи омӯзгорӣ умуман вобастагии калон дорад.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 4 (77)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2077-4990
- Издатель
- Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова