ОИД БА БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ АСОСҲОИ НАЗАРИЯВИИ ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Марҳилаи муосири ташаккули иқтисодиёти ҷаҳонӣ бо иқтисодиёти рақамӣ алоқамандии ногусастанӣ дорад. Истифодаи технологияҳои компютерӣ ва рақамӣ яке аз асосҳои калидии ташаккули сиёсати иқтисодии давлатҳои муосир ба шумор меравад. Дар замони муосир бо пешрафти илму техника иқтисоди ҷаҳонӣ низ бомаром тағйир меёбад. Аз ин ҷост, ки солҳои охир бо дарназардошти тағйирёбии авзои иқтисодию сиёсии ҷаҳон нақши технологияҳои муосир ва навгониҳои электронию рақамӣ дар идоракунии давлатӣ бештар меафзояд. Дар ҳамин асос, аз рӯи ақидаҳои назариявӣ муаммои таъмин ва амалишавии иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Дар мақола таҷрибаи амалишавии технологияҳои рақамӣ дар баъзе муассисаҳои молиявӣ-қарзӣ нишон дода шудааст. Бо истифода аз андешаҳои олимон ва муҳаққиқони хориҷӣ ва ватанӣ хусусиятҳои илмӣ-назариявии татбиқи иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, самтҳои такмили минбаъдаи он пешниҳод карда шудаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · Т. 95, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП