ОБРАЗИ ПАРАНДАГОН ДАР ФАРҲАНГ ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК (ДАР МИСОЛИ ОСОРИ ҲОҶӢ ҲУСАЙНИ ХАТЛОНӢ)
Мақолаи мазкур ба таҳлили образҳои парандагон дар дар фарҳанг ва адабиёти гузаштаи тоҷику форс бахшида шуда, дар он рамзи парандагон дар тасаввуроти инсонӣ дар адабиёти классикӣ ва динӣ баррасӣ менамояд. Ҳамчунин муаллиф бо истифода аз фарҳангномаҳо вожаҳои марбут ба парандагон, аз қабили паранда, тайр, тоир, тухм, байза, мурғ, булбул, андалеб, тӯтӣ, ҳумо ва ғайраро дар осори Ҳоҷӣ Ҳусайн мавриди таҳлил қарор дода, маъноҳои луғавӣ ва маҷозии онҳоро шарҳ медиҳад. Таҳлили осори Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ нишон медиҳад, ки ӯ бо истифода аз образҳои кабӯтар, гунҷишк, шоҳин, анқо, тӯтӣ, ҳудҳуд, булбул, ҳумои афсонавӣ ва симурғи умедбахш, парвози руҳи инсони комилро ба дунёи ирфон таҷассум намудааст. Ҳоҷӣ Ҳусайн ҳамчун адиби дорои истеъдоди баланд вожаҳои навро, аз қабили булбулсифат ва ҳумоҷӯӣ эҷод карда, бо ташбеҳу истиораҳои нозук (масалан, мурғи дил, мурғи нафас) баёни худро рангин ва пурмазмун гардонидааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 3 (116)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни