НУСХАШИНОСИИ “ҲУМОЙ ВА ҲУМОЮН”-И ХОҶУИ КИРМОНӢ
Мақола ба баррасии нусхаҳои хаттии яке аз достонҳои “Хамса”-и Хоҷуи Кирмонӣ- “Ҳумой ва Ҳумоюн” ихтисос ёфтааст.Тазаккур меравад, ки тибқи маълумоти феҳрасти нусхаҳои хаттии чопшуда маълум мешавад, ки дар китобхонаҳои ҷаҳон 20 нусхаи хаттї ва 4 чопи литографию сангии достони Хоҷуи Кирмонӣ, нигаҳдорӣ мешаванд, ки дол бар он аст, ки “Ҳумой ва Ҳумоюн” дар байни хосу ом шӯҳрати беандоза доштааст. Муаллифи мақола дар асоси феҳрастҳои нусхаҳои хаттӣ 40 нусхаи “Ҳумой ва Ҳумоюн” -ро, ки дар кишварҳои гуногун нигаҳдорӣ мешаванд муаррифӣ ва тавсиф намудааст. Нишон дода мешаванд, ки аксари нусхаҳои “Ҳумой ва Ҳумоюн” нусхаҳои хаттӣ ба ҳисоб мераванд ва дорои арзиши баланди матншиносӣ доранд. Таъкид мегардад, ки баъзе аз нусхаҳои “Ҳумой ва Ҳумоюн” бори аввал дар мақола муаррифӣ гардида, ҳусну қубҳи бархе аз онҳо мавриди арзёбӣ қарор гирифтаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2021 · № 1 (86)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП