НУСХАШИНОСИИ ТАЛХИСОТИ «ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ ДАР ҲИНДУСТОН
«Шоҳнома», « Шаҳнома» ё «Номаи бостон», ки дар сарчашмаҳои адабӣ , таърихӣ ва тазкираҳо бо ҳамин номхо ёд мешавад, яке аз боарзиштарин ва гаронбаҳотарин асари шоири бузурги адабиёти классикии форсии тоҷикӣ Абулкосим Фирдавсӣ мебошад . «Шоҳнома» -и Фирдавсӣ бидуни шак, яке аз шоҳкорҳо дар адабиёти классикии форсии тоҷикӣ ва адабиёти олам ба ҳисоб меравад . «Шоҳнома» -и Фирдавсӣ нусхаҳои гуногун дорад, ки дар тамоми олам паҳн шудаанд. Аз ҷумла, дар Ҳиндустон дар китобхонаҳои гуногуни давлатӣ ва шахсӣ нусхаҳои зиёди ин китоб нигаҳдорӣ мешавад. Дар асоси сарчашмаҳои адабӣ нусхаҳои аввали талхиси «Шоҳнома» и Фирдавсӣ ба наср дар қаламрави сулолаи Темуриёни Ҳиндустон , дар рӯзгори ҳукмронии Шоҳиҷаҳонподшоҳ, аз ҷониби Туғлуқбек, дар дарбори Шамшерхони ҳокими Ғазнӣ ба анҷом расидааст, ки ин нусха ба номи «Шоҳномаи Шамшерхонӣ» машҳур аст. Аз ин нусха то рӯзгори мо нусхаҳои гуногун расидааст, ки дар мақола вижагиҳои ин нусхаҳо таҳқиқ шудаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 3 (116)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни