НУСХАШИНОСИИ ДАСТХАТҲОИ ДЕВОНИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ АЗ КИТОБХОНАИ АЁСӮФИЯ
Панҷ дастхати нодири девони Камоли Хуҷандӣ , ки дар " Китобхонаи Аѐсӯфия " (Истамбул) таҳти рақамҳои 3857, 3945, 3946, 3962 ва 3963 нигаҳдорӣ мешаванд, муаррифӣ шудааст. Мухтасаран таърихи ганҷинаи ѐдшуда ва аҳамияти мероси хаттии он зикр гардидааст. Муҳимтарин хусусиятҳои нусхашиносии ҳар як аз панҷ дастхати мазкур ба таври муфассал баѐн шудааст. Таъкид гардидааст, ки нусхаи шумораи 3945, ки дар миѐнаи моҳи раҷаби соли 813/миѐнаи ноябри соли 1410 дар Шероз дар аҳди Искандармирзо ибни Умаршайх ибни амир Темур ҳамагӣ баъди даҳ соли фавти Камол аз ҷониби Ҳофиз Ҳасани Шерозӣ китобат шудааст, дастхатти аз ҳама қадимии имрӯз маълуми таърихдори шоир ба ҳисоб меравад.Аз рӯи баъзе қаринаҳо фарзияе баѐн шуааст, ки китобати дастхатти дувуми қадимтарини таърихдори Камоли Хуҷандӣ , ки таҳти шумораи 3857 дар ҳамин ганҷина маҳфуз аст, низ ба қалами Ҳофиз Ҳасани Шерозӣ тааллуқ дорад. Ҷойгоҳи нусхаҳои китобхонаи Абусуфия дар нашрҳои минбаъдаи девони шоир таъкид гардидааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · Т. 91, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП