НУСХАҲОИ ТОҶИКИСТОНӢ ВА ӮЗБЕКИСТОНИИ “ҶАВОМЕЪ-УЛ-ҲИКОЁТ ВА ЛАВОМЕЪ-УР-РИВОЁТ”-И МУҲАММАД АВФИИ БУХОРОӢ
Нусхаҳои хаттии “Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт ва лавомеъ-ур-ривоёт”и тазкиранависи маъруфи адабиёти классикии тоҷик Муҳаммад Авфии Бухороӣ, ки дар китобхонаҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нигоҳдорӣ мешаванд, мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Таъкид шудааст, ки беш аз 70 дастнависи ин китоб дар махзани китобхонаҳои мамолики ҷаҳон, аз ҷумла Инглистону Фаронса, Русияву Эрон, Туркияву Покистон ва Олмону Австрия маҳфуз мебошанд. Баррасии нусхаҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бар мабнои навию куҳнагӣ ва комилию нокомилии матн, анвои хат , қавоиди имлову расмулхат, ҳаҷму миқдори саҳафот , афтодагиву афзудагӣ ва мулҳақот анҷом дода, хулоса шудааст, ки нусхаҳои мазкур бар хилофи нусхаҳои муътабари китобхонаҳои Туркия, Русия, қисман Эрону Ҳиндустон ба сабабҳои мухталиф аз назари муҳаққиқону мураттибони “Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт” берун афтодаанд. Ба ҷуз ин, муайян карда шуд, ки нусхаҳои куҳани дигаре низ вуҷуд доранд, ки аз ҳар ҷиҳат қобили таваҷҷуҳ буда, бо қидмати расмулхат ва таърихгузорӣ имтиёз мекунанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · Т. 101, № 4
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП